ХОВАЛИНГ. Ҷашни Наврӯзро падару модарон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 - и ноҳия бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд. Хонандагону омӯзгорони муассиса барои ҷой додани ҳамаи оинҳои ин ҷашни мардумӣ дар чорабинии баргузорнамудаашон кӯшиши зиёд карданд.
Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Исфандиёр Саидмаҳмудов дар ин чорабинии ҷашнӣ иштироки фаъол намуда, ҳамагонро бо ин санаи фархунда шодбош гуфт.