ВОКУНИШ. Ҳамаи мо хуб медонем, ки матбуот дар ҳама давру замон дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳиму арзанда дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».
Табиист, ки баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо рӯйи кор омада, шаклу шеваашонро ба ҷанбаҳои миллии давлатдории мо мутобиқу тавъам намуданд. Албатта, шароити мусоид ва фазои сулҳу суботи комил рушди васоити ахбори оммаи миллиро ба фаъолияти марҳилаҳои сифатан нав расонид. Замони соҳибистиқлолии кишвар бошад барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи васоити ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Бояд қайд намоем, ки дар бораи рушди демократия дар ҳар як кишвар мувофиқи густариши шабакаҳои матбуоти даврӣ ва озодии сухан баҳо медиҳанд. Бахусус аз ин мавқеъ ба рушди матбуот ва мутобиқан ба озодии сухан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонад ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Ва имрӯз ман дар сомонаи “Радиои озодӣ” баҳси сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов бо сардабири собиқ нашрияи “Нигоҳ” Фаридуни Раҳнавардро тамоша карда, ба чунин хулоса омадам, ки дар Тоҷикистон матбуот аз давраҳои ба даст омадани Истиқлолият озод ҳаст, буд ва хоҳад монд. Суханҳое, ки Бахтиёр Ҳамдамов қайд карданд, дуруст буда, ман ба гуфтаҳои эшон мувофиқам.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ