МУЪМИНОБОД. Дар Қасри фарҳангӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинари омӯзишӣ бо раисон ва котибони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Алишери Амрохон иштирок намуда, оид ба тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар асоси Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ андешаронӣ карда, ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баҳри пешбурди фаъолияти корӣ Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дастрас карданд.