ХУРОСОН. Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои ҷамоати деҳоти мазкур гузаронида шуд.
Дар семинарии омӯзишӣ ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро расонида, ба онҳо тарзи дурусти ҳуҷҷатгузориҳоро дар ташкилотҳои ибтидоӣ фаҳмонида, ба ҳар яки онҳо китобчаи «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ»-ро дастрас карда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва боз ҳам ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ як қатор дастурҳои лозимаро дод.