БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ПАНҶСОЛА

Ҷ.БАЛХӢ. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврзз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон маъруф мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардум тоҷик буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Нарӯзи байналмилалӣ дар ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар деҳаи Панҷсолаи Ҷамоати деҳоти Маданият чорабинии идона бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва баромад карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg