БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

Зан агар оташ  намебуд,  хом  мемондем  мо,

Норасида  бодае  дар  ҷом  мемондем  мо.

АНДЕША. Оре, агар зан намебуд, ҳаёти инсонӣ вуҷуд намедошт. Зеро Зан-модар офаранда ва давомдиҳандаи насли инсонист. Ӯ чун Худои кариму раҳим яктост.      

Ту  монанди  замин  яктоӣ  модар,

Ту  монанди  замин  танҳоӣ  модар.

Зан-Модар дар баробари офарандагӣ ободкору  созанда, равшангари  хонадон, зебу  зиннати  ҳар  як  миллату давлат мебошад. Қадру қиммати Зан-Модар ба чизе андоза карда намешавад. Аз ин волотар ва боарзиштар сухане нест, ки биҳиштро зери қудуми  модарон донистаанд.

Ҷаннат,  ки  ризоӣ  мо дар  он  аст,

Дар  зери  қудуми модарон  аст.

Дар  васфи  Зан- Модар,  ин олиҳаи   ҳусн,  равшангари  нури  хонадон, қувватбахши  армонҳои  тифлакону  фарзандон  адибу нависанда  ва  шахсеро  ёфтан мушкил  аст, ки сухане нек ва пурарзише  нагуфта  бошад. 

Бояд зикр намуд, ки мақому манзалати Зан-Модар дар замони Истиқлолияти давлатӣ хеле боло рафт. Дар  ин  давра санадҳои меъёриву ҳуқуқие дар бораи  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарҳуқуқии занон ва мардон ва дигар  масъалаҳои марбут ба  занону  бонувон  қабул  карда  шуд,  ки ба  фаъолияти  пурсамари онҳо мусоидат намуд.

Имрӯз соҳае нест, ки дар он мо фаъолияти самараноки занону бонувонро дида натавонем. “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад, - омадааст дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат бештар ҷалб гардида истодаанд.   

Саҳми занону бонувон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат  торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти занону бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои  деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба  хотири ҷалби бештари онҳо ба  вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад, - омадааст дар Паём.

Ҳамчунин дар Паём ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода шуд,  ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳо  2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро  барои  солҳои  2021-2025  таҳия ва  пешниҳод  намояд.

Бо итминони  комил  гуфтан  мумкин  аст,  ки   қабули   стратегияи  мазкур мақоми занон  ва  бонувонро дар  ҷомеа боз ҳам боло мебардорад.

Адибаи  Субҳон, мутахассиси  омори  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg