БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ БАД ПИНҲОН НАМЕМОНАД ( Ё боздошти 5 нафар аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ дар давлати Олмон)

АНДЕША. Мақомоти баланпояи  Афғонистон  вақте  дар  бораи   аз  6 то  10 ҳазор   ҷангиёни  хориҷӣ  ва  дар  сафи  онҳо  ҷой доштани  аъзои  ташкилоти    террористӣ –экстремистии  Ҳизби  наҳзати  исломро   хабар дод,   роҳбарони  фирории  ин  ҳизб, ки  дар  хориҷ  аз  кишвар  паноҳ  мебаранд,  ин  маълумотро   инкор  намуданд. Изҳор  доштанд, ки  Ҳизби  наҳзати  ислом дар ягон  давлати  дунё,   аз  ҷумла    дар  Афғонистон  нерӯи  ҳарбӣ  надорад.

Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  демократии  Тоҷикистон   дар  ноҳияи  Ховалинг    ба  ин  изҳороти  бардурӯғи  роҳбари ташкилоти  террористию  экстремистии   Ҳизби  наҳзати  ислом   Муҳиддин  Кабирӣ  таҳти  сарлавҳаи “Бовар  нокарданист, ки Ҳизби  наҳзати  ислом  дар  Афғонистон  нерӯи  муссаллаҳ  надошта  бошад” вокуниш нишон дода, қайд  намуд, ки    дар Афғонистон  ҲНИ  нерӯҳои  ҳарбии  худро  дорад.

Ҳамчунин дар вокуниш омада буд, ки дар  баробари нерӯи ҳарбӣ доштан   думравон  ва  дигар  роҳгумзадагон ,  ки  бо  торҳои  танидаи  роҳбарони  ин  ҳизб   часпида,  дар  дигар  давлатҳои  дунё   ҳам  дида  мешаванд.

15 феврали  соли  ҷорӣ   мақомоти  расмии  кишвари  Олмон   аз  боздошт  намудани  5  нафар узви  гурӯҳи  террористии  ДОИШ  хабар  доданд . Дар  гузориши  прокуратураи  Олмон ин  нафарон  шаҳрвандони  Тоҷикистон  ном  бурда  мешаванд, вале  ҷузъиёти  дигари  муаррифкунандаи  шахсияти  онҳоро  эълон  намедоранд.  Дар  асоси  пажӯҳиши  рӯзноманигорӣ маълум  шуд,  ки ин  нафарон  дар  зоҳир  узви  гурӯҳи  террористии  ДОИШ,  дар  асл  пайравону аъзои  фаъоли  шохаи ҷангии  ташкилоти  террористӣ – экстремистии   Ҳизби  наҳзати  ислом  мебошанд,  ки  тибқи  маълумоти  расмии  давлати Олмон   дар  қатлу  куштори  одамон,  омодагӣ  барои   таркишҳои   даҳшатафкан, ҷамъоварии  маблағ  барои  гурӯҳҳои террористӣ,  таблиғот  бар  нафъи  террористон   ва  ҷалби  ҷавонон  ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  террористиву  иртиҷоӣ  муттаҳам шудаанд.

Ин  ҳолат  бори  аввал  нест,  ки аз  тарафи  давлати  Олмон  ва  дигар  кишварҳои  Аврупо аз  боздошт  намудани террористони тоҷикистонӣ   хабар  дода  бошанд. Мақомоти  Аврупоӣ  қаблан  низ  пайравони  наҳзатро  боздошт  ва  ба  терроризму экстремизм  муттаҳам  намудаанд. 

Борҳо исбот  шудааст,  ки  ташкилоти  террористии  Ҳизби  наҳзати  ислом   шохаи  низомии  худро  дар  миёни  гурӯҳҳои  террористии   Толибон,  Ал-қоида  ДОИШ  ва  дигар  гурӯҳҳои  ифротгаро  ташкил  намуда,  саҳми  худро  дар  амалҳои террористии  ҷаҳон  аз  ҷониби  наҳзатиён  гузоштааст.   Ба  ҳамаи  ин  нигоҳ  накарда,  кишварҳои  Аврупо  ин террористонро дар  қаламрави  худ  паногоҳ  дода,  болои  сокинони  осоиштаи  худ  даҳшату  бало  овардаанд. Ҳамчуноне,  ки  асоси  аснои боздошти   5  нафари  охир  аз  онҳо билетҳои  узвияташон  дар  ташкилоти  террористӣ - экстремистии  Ҳизби  наҳзати  ислом ошкор  шуда,  кирдорҳои  зидди  инсонияшон  низ  исбот  шуд.

Далели ошкор  шудани  5 нафар  аъзои   ташкилоти  террористӣ – экстремистии   Ҳизби  наҳзати  ислом  дар  давлати  Олмон муште   ба  даҳони  Муҳиддин  Кабирӣ ва  думравони  ӯ  мебошад. Наҳзатиён,  ки ҳамеша  бо  суханони  бофтаю  сохтаи  дурӯғ кӯшиши пинҳон намудани амалҳои  хиёнаткоронаи  худро   менамоянд,   набояд  фаромӯш  созанд,  ки  ягон амали  бад ва хиёнати онҳо ба давлату миллат  дар ҳеҷ ҳолат пинҳон  намемонад. Чи  тавре  ки имрӯз  дастгир  шудани  5  нафар  аъзои    Ҳизби  наҳзати  ислом  собит  сохт, ки  ин ҳизби хунхору хиёнатпеша  нерӯи  ҳарбии худро   дорад  ва аъзои он   дар  қатлу куштори мардуми осоиштаи Афғонистон,  Ироқ,  Сурия,  Яман  ва  дигар  кишварҳои  Ховари  миёна  иштирок  менамоянд.

Қодирзода Маҳсуддин Устоғулом, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg