БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

29 ноябр 2021

СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН АБАДИСТ!

"Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд".

ВАТАН ОРОМИАТ ОРОМИИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Оромиву  шукуфоии Ватан  аз масьулияги ҳар як сокини ватандӯст  вобастагии зиёд дорад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ саъю кӯшиш ва  садоқат ба Ватан мебошад. Бешубҳа, оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан аз масъулияти ҳар як сокини он вобастагии зиёд дорад.

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ - МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати  иҷрои супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва дар ҳошияи эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 "Солҳои рушди деҳот, саӣёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби бонувони чирадаст ва моҳири деҳаҳои ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд.

“РӮЗӢ ЁДОВАРӢ” ДАР ҶАЙҲУН

ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Панҷ» оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Панҷ доир карда шуд.   

БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ УМУМИНОҲИЯВИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ дар доираи нақша- чорабиниҳи Кумитаи иҷроия оид ба баргузории амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” бо корбарии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Ватан дехҳаи Себи сурх ҳаршари ободониро ба роҳ монданд.

МАРДУМИ БАДАХШОН, ФИРЕФТАИ НАЙРАНГҲОИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ НАШАВЕД!

ВОКУНИШ.  Мардуми  шарифи  Бадахшон  ба  Шумо  мо  сокинони  ҷумҳурӣ  муроҷиат намуда,  даъват  ба  амал  меоварем, ки  ба  дассисаҳои  навбатии  душманони  миллат, нотавонбини аъмо  аз ҷоҳиливу нотавонбинӣ, ки бо ишораи хоҷагони зархаридашон  санги маломату надомат  ба сӯйи   фарзандони хеш  ҳавола намудаву   ҳисси бадбиниву   номеҳрубонии ононро  нисбати  сулҳу  суботи  комили  кишварамон  барохтанӣ мехоҳанд,  аҳамият   над

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН...

АНДЕША. Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатии миллати соҳибтамаддуни тоҷикон дар рӯи дунё шинохта шудааст, дар заминаи хушку холӣ  ба миён наомадаст, вай дар ивази муборизаҳои сиёсии дохилию берунии кишвар ва заминаҳои таърихи гузаштагонамон  эхё  гардидааст.

ПАРЧАМ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИСТ

АНДЕША. Ҳар як давлатро бо муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчамаш мешиносанд. Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар атрофи худ миллатро сарҷамъ мегардонад.

ШУҶОАТОФАРӢ, ЭЙ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ!

АНДЕША. Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдории ҳар миллат ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун будани кишвар аст. Парчами давлати соҳибистиқлоли мо нишонаи таъриху фарҳанги пурғановати миллатамон буда, моро водор месозад, ки нисбат ба ин рамзи муқаддас арҷ гузорем ва онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

АЗ ПАРТАВИ ИН ПАРЧАМ ОЯНДА НАМОЁН АСТ

АНДЕША. Дар иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар масъалаҳо “Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд. Аз ҷониби вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз баромади Академик Муҳаммад Осимӣ дар бораи моҳият ва аҳамияти қабули рамзҳои давлатӣ хуб пазируфта шуд.

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН БА МАНФИАТИ ХУДИ МОСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи корҳои тарғиботӣ оид ба самаранок истифодабарии  заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноатӣ кимиёвӣ”- и шаҳри Левакант кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  аз замини  хоҷагии ёрирасони назди ташкилоти ибтидоӣ дидан намуданд.

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАДАДИ СИНО” ТАЪСИС ЁФТ

КӮЛОБ.  Бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ  Мунаввараи Бозоралӣ ва Дилноза Шоева маҷлиси муассисони Маркази дандонпизишкии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОЛИМОН”

КӮЛОБ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Олимон” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинии адабӣ - фарҳангӣ  баргузор  гардид.

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР КӮЛОБ

КӮЛОБ. Тибқи нақша- чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатӣ” аксияи хизбӣ таҳти унвони “Ливои мост, ливои халқ” доир гардид.

АМАЛҲОИ НОПОКИ ҲАРАКАТҲОИ ТУНДРАВРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Таҳдиди гурӯҳҳои тундрав ба амнияти ҷомеа ” баргузор карда шуд.

ЛИВОИ МОСТ, ЛИВОИ ХАЛҚ!

ҚУБОДИЁН.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан ” ва якҷоя бо валонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои ҳизбӣ доир намуданд.

ҲХДТ – ҲИЗБИ РОҲНАМО ВА ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА

«Вазифаи имониву инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳар як фарди бонангу номуси миллати сарбаланди тоҷик бояд аз таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ иборат мебошад»

БИСЁР ХАСЕ БОЯД, ТО ПУХТА ШАВАД ХОМЕ...

АНДЕША. Дар зиндагӣ на ҳар кас метавонад соҳибақл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дӯстро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фарқ намояд.

СУҲБАТИ МУФИД БО МАРДИКОРОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои соли 2021 дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия бо иштироки масъулини ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардикорон вобаста ба такмили дониш ва аз худ кардани малакаи касбӣ гузаронида шуд.

ХИЁНАТ БА ВАТАН, ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ

ВОКУНИШ. Аз дидану шунидани суханони М. Иқболи Садриддин собиқ истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин арз мекунам.

НАҚШИ МАТБУОТ ДАР ҲАЁТИ ҶОМЕА

АНДЕША. Дар шароити кунунӣ мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо барои аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба воситаи ахбори рӯзномаҳо аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, навгониҳои кишвар огоҳ мешавем.

МЕҲРИ ВАТАН ДАР ДИЛИ МО АЗ КӮДАКӢ НАҚШ МЕБАНДАД

АНДЕША. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg