БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИСТ

АНДЕША. Ҳар як давлатро бо муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчамаш мешиносанд. Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар атрофи худ миллатро сарҷамъ мегардонад.

Халқи тоҷик аз қадимулайём дорои ливо, дирафш ва парчами миллии хеш буда, зери партавафшонии ҳамин ливо баҳри озодӣ, мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ ва шинохти асолатии миллии худ мубориза бурдааст.

Дирафши Коваи оҳангар аз ҷумлаи қадимтарин парчами халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар саҳни Маҷмааи умумии Созмони миллали муттаҳид, ҳамчун нишони арзи ҳастии давлатҳо парчами давлатҳои аъзои ин созмон қомат афрохтааст. Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми беандозаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни зиёда аз 200 давлати ҷаҳон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузошта шудааст.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз соли 2009 то инҷониб ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз бо нишона аз арҷгузорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, дар марказҳои маъмурии тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барафрохта шудааст.

Инчунин,  дар пойтахти Ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе Парчами миллӣ баландиаш 165-метр гузошта шудааст, ки ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз баромадҳои худ иброз доштаанд, ки "Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳимоят намояд. Яъне,  эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад".

Тавсифи намунавии Парчами давлатӣ чунин шарҳ дода шудааст, ки "Парчами давлатии Тоҷикистон, рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон, зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад".

Зоиров С., муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg