БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУҶОАТОФАРӢ, ЭЙ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ!

АНДЕША. Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдории ҳар миллат ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун будани кишвар аст. Парчами давлати соҳибистиқлоли мо нишонаи таъриху фарҳанги пурғановати миллатамон буда, моро водор месозад, ки нисбат ба ин рамзи муқаддас арҷ гузорем ва онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Таърих гувоҳ аст, ки парчам ба сифати баландбардорандаи номуси ватандорӣ борҳо миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, моро бо ҳам муттаҳид кардааст. Пешвои миллат вабаста ба ин мавзӯъ дар яке аз баромадҳояшон қайд намудаанд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину  ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон Парчами давлатии худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ  сафарбар намуд.

Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо - ҷавонон давлатеро бунёд кардаанд, ки дар он мо метавонем озодона таҳсил намоем, соҳиби касбу кор шуда зиндагии орому осуда ба сар барем.  

Имрӯз парчам барои миллати мо сарчашмаи неруву тавонмандӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ аст. Ҷавонону варзишгарон, ки насли ояндасоз ва номбардори миллат мебошанд бо дастовардҳои худ парчами моро дар баландтарин гӯшаҳои дунё баланд бардоштаанд. Аз ин рӯ, мо - тоҷикон бояд шукронаи сулҳу ободии кишварамонро кунем ва дар обод намудани як порча заминаш, пос доштани марзу бумаш ва арҷ гузоштан ба муқаддасоташ дасти ҳам бигирем. Бигузор парчами мо, ки ифодакунандаи соҳибистиқлол будани кишвар аст, дар фазои сулҳу субот ва оромиву осудагӣ доимо парафшон бошад!                                                              

Назокат Солеҳова, мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg