ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Панҷ» оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Панҷ доир карда шуд.
Аксияи мазкур бо иштироки эмомхатибони ҷамоат ва ҷалби беш аз 120 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, баҳри тозаю озода намудани гирду атрофи оромгоҳи мазкур баромаданд ва саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки чунин аксияҳо оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад. Бо ин васила мо метавонем хотироти гузаштагонро шод гардонем.