БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН АБАДИСТ!

"Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд".

                                                                                                                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Оре, сулҳ мафхумест бузургу пурошуб, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиклолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулх таҷассумгари шодиву нишот, хамдигарфахмӣ, озодихоҳиву ватандустист. Тавре шоири сулҳҷу Мирзо Турсунзода гуфтааст:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст.

Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,

Хоби орому табассумҳои хуррам кудакон.

Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад. Сулҳ чун офтоби рахшон. баҳори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфиқу меҳрубониҳост. Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат ҳасту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад.  Сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд.

 Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳануз дар солҳои 1992-1997 мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштанд. Фарзандону ҳамсарони меҳрубони хешро ба ҳоли худ гузошта, баҳри озодии Ватан кушиданд. Гуруснагиҳо дида, афсурдагиҳоро паси сар карданд. Натиҷаи ин заҳматҳои зиёди чунин мардони баномусу нанги миллат имрӯз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагӣ умр ба сар мебарем.

Хушбахтем, озоду бофароғат зиндагӣ мекунем, офтоби гарм саховатмандона ба сарамон нурӯ, зиё ва меҳру муҳаббат эҳё намуда, шодиамонро афзун мегардонад.

 Имрӯз бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалӣ Рахмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик - Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дустӣ дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором  ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар бурду бохт ва камию костаҳои онҳо саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дустӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.

Пас, биёед ҳамватанони азиз,  ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем. Ба давлату Ватани хеш содиқ бошем, ба бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳо дода нашавем,  зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ шуморем!.

Ғафурзода Рухсора, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg