ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Таҳдиди гурӯҳҳои тундрав ба амнияти ҷомеа ” баргузор карда шуд.
Дар вохӯри муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин дар бораи мақсад аз фаъолияти ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки тобиши диниро бештар ба худ касб намудааст, тибқи поймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди дини амал менамоянд, суханронӣ намуд.
Баъдан дар бораи мафҳуми экстремизму терроризм маълумот дода, дар бораи амалҳои террористие, ки дар давлатҳои шимолу шарқи наздик дар солҳои охир ба вуқӯъ пайвастаанд ва ҷомеи имрӯзаро зери тарсу ҳарос қарор доданд сухан намуд.
Инчунин, дар бораи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ маълумот дода шуд.