БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ОРОМИАТ ОРОМИИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Оромиву  шукуфоии Ватан  аз масьулияги ҳар як сокини ватандӯст  вобастагии зиёд дорад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ саъю кӯшиш ва  садоқат ба Ватан мебошад. Бешубҳа, оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан аз масъулияти ҳар як сокини он вобастагии зиёд дорад. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ даҳчанд меафзояд.

Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо бо номи миллат ифтихор кунем.

Ба хотири оромии давлат, барои пос доштани нангу номуси миллӣ ва барои эҳтиром ба гузаштагони худ  сабру таҳаммул кунем.

Солҳои 90-ум ҷанги  шаҳрвандии айнан бо ҳамин роҳу восита  фиребу найрангбозӣ  миёни мардум ташкил карда шуд. Аз ин хотир ҷавонони азиз фирефтаи дассисаву иғвоангези гумроҳон нашавед, касе, ки  Шуморо ба ин роҳ наздик месозад ӯ душманатон аст ва намехоҳад, ки Шумо дар Тоҷикистони биҳиштосо тинҷу ором зиндагӣ кунед. Ба мардуми Бадахшон муроҷиат карда гуфтаниям, ки  ҷанги хонумонсӯзе, ки дар ҳамсоягии мову Шумо Хуросонзамин рафта истодааст, барои ҳамаи мо дарси ибрат аст.

Аз ин хотир сабру таҳаммулро пеша кунед, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, чун бародар якдигарфаҳм бошед. Ҳар як сокини кишвар аз ҷумла мардуми Помиру Суғд ва Хатлону Раштро бисёр дӯст медорем. Мардум намегузорад, ки Шумо ба мушкилӣ дучор шавед.  

Мо бояд нерӯи ақлонии худро кор фармуда, фирефтаву гумроҳ ва аз ҳиллаву найранги хоинони Ватан дур шуда,  Ватану миллат ва оилаи худро ҳифз намоем.

Раҷабзода Қурбонгул, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg