КӮЛОБ. Тибқи нақша- чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатӣ” аксияи хизбӣ таҳти унвони “Ливои мост, ливои халқ” доир гардид.
Дар ҷараёни баргузории аксия дар кӯчаи марказии шаҳр бахшида ба ин санаи муҳиму таърихӣ ба сокинону меҳмонон зиёда аз 200 маводи иттилоотӣ тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати таърихии тасдиқи рамзҳои давлатӣ пеш омад. Дар Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаи тасдиқи Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ низ баррасӣ ва тасдиқ гардид.