ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои соли 2021 дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия бо иштироки масъулини ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардикорон вобаста ба такмили дониш ва аз худ кардани малакаи касбӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон кормандони масъули ҳизбӣ зимни суҳбат бо мардикорон иброз намуданд, ки барои соҳиби зиндагии шоиста гардидан шаҳрвандони бекорро зарур аст, ки касбу ҳунарҳои гуногун ва забонҳои хориҷиро омӯхта аз худ намоянд. Вақте шахс соҳиби касбу ҳунар бошад чӣ дар Ватан ва чӣ дар хориҷи кишвар хор ва мӯҳтоҷ намешавад. Чуноне, ки мегӯянд ҳунар ба шахс ҳам нон медиҳаду ва ҳам ном. Пас барои дар зиндагӣ хор нагардидан, вақти холигии худро ба омӯхтани касбу ҳунар сарф намоем.