БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН...

АНДЕША. Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатии миллати соҳибтамаддуни тоҷикон дар рӯи дунё шинохта шудааст, дар заминаи хушку холӣ  ба миён наомадаст, вай дар ивази муборизаҳои сиёсии дохилию берунии кишвар ва заминаҳои таърихи гузаштагонамон  эхё  гардидааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ  бармеояд, ки аввалин  парчами тоҷикон  ин «Диравши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун  рамзи  ягонагии  давлатдории   Ориёӣ шинохта шуда, то замони сукути давлати Сосониён ҳамчун рамзи давлатдории ин халқи фарҳангсолору куҳанбунёд  хизмат кардааст.

Дар рӯзу солҳои аввали  давлату миллатсозии кишварамон  иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки дар таърихи ҷомеаи навини тоҷикон ҳамчун иҷлосияи такдирсоз  унвон  гирифтааст, дар бунёди парчами нави миллат дар даврони истиқлолият заминаи сиёсии боэътимод гузошт, аз он рӯз то инҷониб  дар кишварамон  24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ бо тантанаҳои  хоси идона ҷашн гирифта мешавад.

Доштани парчам миллӣ  барои ҳар як шаҳрванд ифтихор  буда, эҳтиромашро ба ҷо овардан қарзи имонию виҷдонии    мо мебошад. Эҳтиром гузоштан ба парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ  ин танҳо ба хотири шинохтан нест, балки хамагон бояд эҳсос  ва дарки  мазмуну  моҳият ва  нақши таърихии онро бояд донем ва ба насли наврас  маънии рамзҳои парчам мақому ҷойгоҳи он дар низоми  давлатдориро  фаҳмонем, то ки насли ояндасози  миллат парчамбардорони   содиқи  ин  Ватан бошанд.

Дар мусобиқаҳои варзиши сатҳи байналмилалӣ, дар конфронсу созмонҳои ҷаҳонӣ барафрохтани парчами  миллии давлати тозаистиқлол  мояи ифтихору  сарбаландии ҳар як тоҷику  тоҷикистонӣ  мебошад.  Имрӯзҳо дар асоси сиёсати пешгифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон  зери  парафшонии парчами давлатӣ  мардумони сарбаланди  кишварамон зиндагии осоиштаю хуррам доранд. Дар ин замина, ба  ҳамаи ҳамдиёрон  комёбиҳои нав ба нав ва  сиҳатмандиро  орзумандам. Парчамат бодо парафшон кишварам!

Саъбагул Валиева,  собиқадори ҳизбӣ, корманди масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg