БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОЛИМОН”

КӮЛОБ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Олимон” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинии адабӣ - фарҳангӣ  баргузор  гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Мирализода А. М., раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода ва дигар нафарони расмӣ иштирок доштанд. Нахуст, Мирализода А. М., баромад намуда, изҳор дошт, ки воқеан, Парчами давлатӣ рамзи ваҳдату ягонагӣ, ватандорию ватандӯстӣ ва хештаншиносию худогоҳӣ ба ҳисоб рафта, роҳи моро дар ҷодаи анҷом додани амалҳои созандаву бунёдкорона мунаввар месозад.

Ҳамчунин, зимни суханронии хеш раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода қайд намуд, ки маҳз бо дастгириҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат парчами мо дар байни тамоми мамлакатҳои дунё мақому манзалати худро ёфтааст ва моро месазад, ки дар зери ин муқаддасоти миллӣ бо ҳам муттаҳид шуда, баҳри рушди кишвари азизамон талош варзем ва пайгири сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Чорабинии мазкурро суруду таронаҳои ватандӯсона, ки аз ҷониби дастаи ҳаваскорони ташкилоти болозикр, ки  бахшида ба ин санаи муҳиму таърихӣ омода карда шуда буд, шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg