ЛЕВАКАНТ. Дар доираи корҳои тарғиботӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноатӣ кимиёвӣ”- и шаҳри Левакант кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз замини хоҷагии ёрирасони назди ташкилоти ибтидоӣ дидан намуданд.
Дар рафти боздид маълум гашт, ки дар замини наздиҳавлигии муассиса кишти карам ба роҳ монда шуда, айни замон ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ нашъунамои хуб дорад. Меҳнаткашон умед доранд, ки ҳосили хуб ба даст оварда, зиндагии хешро бо ин навъи сабзавот таъмин созанд.