ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан ” ва якҷоя бо валонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои ҳизбӣ доир намуданд.
Аксияи мазкур бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Раҳмонов Алишер ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин дар хиёбон ва кӯчаҳои марказии ҷамоати шаҳраки Қубодиён сурат гирифа, аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Ливои мост, Ливои халқ!” доир гардида, баҳри иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин рӯзи фараҳ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон волонтёрон ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ ва парчами хурдро дастрас намуда, бо ин рӯз табрику муборакбоди гуфтанд.