БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

18 Июн 2020

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ОМИЛИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИСТ!

АНДЕША. Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳими истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд.

САРВАТИ БЕБАҲОИ ХАЛҚИ МО ВАҲДАТУ ЯГОНАГИСТ

АНДЕША. Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст.

ТУҲФА БА ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Ш.ШОҲИН.  Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи вилоятӣ Ҳусейнзода Наврӯз ба раванди корҳои сохтмонии бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз наздик шинос шуданд. Роҳбарияти кумитаи иҷроияи вилоятӣ ба масъулон дастур доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир сохтани он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

ФАЪОЛНОКИИ МАҲФИЛҲОИ ВОЛОНТЁРӢ

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, баҳри фаъолияти устувори маҳфилҳои волонтёрӣ, мунтазам тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида мешаванд.

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ МАҚСАДУ МАРОМИ МОСТ!

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус ва ҳамчунин,  истифодаи мақсадноки замин дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Панҷ бо усули “ хона ба хона“ роҳандозӣ намуданд.

РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ГИГИЕНӢ ЯГОНА РОҲИ НАҶОТ АЗ КОРОНАВИРУС АСТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва Президентӣ дар деҳаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Хуросон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва тақсимоти тавсияномаҳо ва ниқобҳои тиббӣ доир карда шуд.

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” бо сокинони деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузарониданд.

ЯГОН ВАҶАБ ЗАМИНИ ЗАРХЕЗАМОНРО БЕКОР НАМЕМОНЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самараноку оқилона истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинону кишоварзони деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Чубек чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР МОРО БА КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА ҲАМҚАДАМ МЕСОЗАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ аз корхонаи нави коркарди ҷӯроббофии деҳаи Иқболи Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев дидан намуда, бо коргарони он суҳбат намуданд.

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН - ОМИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замин барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамарӯза бо иштироки кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.                 

ЯКЕ АЗ ШАРТҲОИ МУҲИМ БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ИН ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТРО РИОЯ КАРДАН АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ  бо усули «хона ба хона»  чорабинии ҳизбиро ба роҳ монда, ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро  доир намуда истодаанд.

НИСБАТИ САЛОМАТИИ ХУДУ ПАЙВАНДОНАТОН БОМАСЪУЛИЯТ БОШЕД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи беморӣ  суҳбату вохӯриҳо бо усули «хона ба хона» ва дар  саҳро  бо саҳмдорони  хоҷагиҳои  деҳқонӣ баргузор намуда  истодаанд.

САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН БА ФОИДАИ ШАҲРВАНДОН АСТ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ д

ЭҲТИЁТ - НИМИ ҲАЁТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун ва “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ”  хониши сиёсӣ атрофи самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, ҳаракати аъзои ҲХДТ ва дигар масъалаҳои дохили ҳизбӣ баргузор гардид.

САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН АЗ МАЪРИФАТИ БАЛАНДИ СОКИНОН ДАРАК МЕДИҲАД

КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021). Ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурдан аз маърифати баланди шаҳрвандӣ дарак дода, нишонаи худшиносии миллӣ мебошад.

ҶАҲОНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ...

КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Сокинони шаҳри Кӯлоб ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд. Бо мақсади истифодаи ҳар қитъа замин дар шаҳри Кӯлоб деҳқонон талош меварзанд, ки аз як замин ду-се ҳосил ба даст биёранд.

АЪЗОИ ҲХДТ ДАР РОҲИ ПЕШГИРИИ COVID-19 САҲМ МЕГУЗОРАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Кӯлоб баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ чиҳати иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, корҳои фаҳмондадиҳиро дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ мондаанд.

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МАҲАЛ

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб Аксияи тарғиботӣ бо усули “хона ба хона” ва “даст ба даст” доир ба масъалаи пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус ташкил карда шуд.

СОЛИМИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД БАРОИ МО АЗИЗ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Садриддин Айнӣ оид ба самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ...

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти кумак дароз намудан ба эҳтиёҷмандон ва зарардидагон барои ҳизбиён ҳам фарз асту ҳам қарз.

БОЗДИД АЗ РАФТИ ҲОСИЛНОКИИ ЗАМИНҲОИ ХОҶАГӢ

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Боздид аз рафти ҳосилнокии заминҳои  хоҷагии деҳаи Панҷрӯд, ки ҳосили хуб дошта, нуқтаҳои фурӯшу бозори дохилиро бо тарбузу ҳандала таъмин намуда истодаанд,   аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Исмоилов Исматулло ва корманди Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳия  Қурбонов  Абдулҳафиз  суҳбату вохӯрӣ доир гардида, барои кишти такрорӣ  ва бардоштани

ФАЙЗ МЕХОҲӢ АГАР, ОБУ ЗАМИНРО ҚАДР КУН...

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани риояи ҳатмии чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо усули “хона ба хона” суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

КОРҲОИ ОММАФАҲМОНӢ ДАР САҲРО

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои оммафаҳмонӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо шаҳрвандоне, ки дар саҳро машғули кор мебошанд,  суҳбат оростанд.

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ БА МАНФИАТИ ҲАР ЯК ОИЛА

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯи усули “хона ба хона” дар деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Гулобод бо занони хонанишин суҳбат намуданд.

ХУРОФОТ ҲАР АМАЛЕРО, КИ АҚЛ ВА МАНТИҚ ҚАБУЛ НАДОРАД, ОНРО ҶОМЕА НАМЕПАЗИРАД

АНДЕША. Ҷомеаи башариро таи даҳсолаҳост, ки баробари задухурдҳои абарқудратҳо барои фарохтар кардани мавзеъҳои зери тасарруфашон гардида, ҳамвора мавҷи ақоиду амалҳои ифротгаронаи дар чодари афкори дин печида фаро гирифтааст.

ТАҚСИМОТИ ВАРАҚАҲОИ ИТТИЛООТӢ БА ХОТИРИ БАЛАНД ГАРДИДАНИ ДОНИШИ СОКИНОН

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати расонидани моҳияти дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Тугарак мулоқоту суҳбатҳо оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо

ДАР ДАВРАИ БАРОИ КИШВАР ХЕЛЕ ҲАССОС БОЯД ЯКҶО БОШЕМ!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷоннок намудани корҳои оммафаҳмонӣ дар мубориза бо коронавирус гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳри Бохтар дар маҳаллаи Ҳаёти нав бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  деҳаи Хосамои Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон  ҷиҳати пешгирии бемории короновирус миёни сокинон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо гурӯҳӣ кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

КОРОНАВИРУС ВАБОИ АСР!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ махсусан, коронавирус, истифодаи самараноки замин, ҷалби занонону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Бозори марказӣ”, кӯчаю маҳалаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта истодааст.

ВАКИЛ АЗ ҲОЛУ АҲВОЛИ ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ХУД БОХАБАР АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус аёдати беморон, шахсони яккаву танҳо, пирони рӯзгордида ва дигар оилаҳои ниёзманд амалест хайру савоб.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg