ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати расонидани моҳияти дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Тугарак мулоқоту суҳбатҳо оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ доир гардид.
Дар баробари гузаронидани суҳбату вохӯриҳо масъулин аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи заминҳои корами шаҳрвандон, гузаронидани кишти такрорӣ, ҳосилхез намудани заминҳо ва бо ин мақсад таъмини аҳли оилаи худ ва бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза ва хушсифати ватанӣ маслиҳатҳо доданд. Дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои мазкур тақсим карда шуд.