БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ...

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти кумак дароз намудан ба эҳтиёҷмандон ва зарардидагон барои ҳизбиён ҳам фарз асту ҳам қарз. Қариб дар ҳамаи баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони саховатманду эҳсонкор муроҷиат намуда, даъват бар он мекунанд, ки нисбати эҳтиёҷмандон бетараф набошем.

Бо ин мақсад гурӯҳи 15 нафараи волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён барои саҳм гузоштан  дар сохтмони манзилҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Хуросон аз офати табиӣ сафарбар карда шуданд.

Волонтёрон тасмим гирифтанд, ки дар бунёди манзили истиқоматии як нафар ятими кулли ноҳияи Ҳуросон Имомова Фарзона саҳми худро гузоранд.

Бояд қайд намуд, ки Имомова Фарзона зода ва истиқоматкунанадаи ноҳияи Хуросон буда, бо амри  тақдир аз падару модар ятим мондааст, дар натиҷаи омадани сел санаи  21 марти соли ҷорӣ  манзили истиқоматиаш зери об монда, пурра хароб гаштааст. Аз рӯи лоиҳаи намунавии дринажӣ волонтёрон барои Имомова Фарзона ҳаммом ва ҳоҷатхонаи замонавӣ ба тариқи ҳашар сохта, бо ин иқдоми худ барои фароҳам овардани шароити шоиста баҳри беҳбудии зиндагии арзанда барои як фарди ниёзманди ҷомеа нақшгузор хоҳанд буд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg