ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замин барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамарӯза бо иштироки кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Қиблаии Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев сурат гирифта, ба шаҳрвандон аз ҷониби шахсони масъули ҳизбӣ ба миқдори 40 дона ниқоби муҳофизатӣ, 120 адад маводҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ дастрас карда шуд. Ҳамзамон, ба сокинон оид ба пешгирии бемории сироятӣ коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳо дода, иброз намуданд, ки ҳар яки мо бояд дастаҷамъона муқобили ин беморӣ мубориза бурда, бо кишт намудан ва гирифтани ҳосили дилхоҳ, ки ба баланд бардоштани иқтисодиёт ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат менамояд, саҳмгузор бошем.