МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод мулоқот доир гардид.
Масъулин дар суҳбат дар бораи масъалаҳои мазкур фикру андешаҳои хешро баён дошта, бори дигар хотиррасон намуданд, ки заминҳои дар ихтиёрдоштаи худро самаронок истифода намуда, аз ҳар як ваҷаби он рӯёнидани 2-3 ҳосилро ба роҳ монда, дар ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи худ ва некӯаҳволии мардум саҳмгузор бошанд.