БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРВАТИ БЕБАҲОИ ХАЛҚИ МО ВАҲДАТУ ЯГОНАГИСТ

АНДЕША. Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат аст, ки инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки халқ барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро ҳар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолият дар кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада, харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард ва хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат Пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳм карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.

Мардуми Тоҷикистон, ки табиати азалии сулҳхоҳона ва сиришти ваҳдатофар доранд, атрофи Ҳукумат ва Сарвари маҳбуби халқ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз майдони мухолифат ба арсаи созандагиву бунёдкорӣ қадами устувор гузоштанд. Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати бебаҳои халқамон- ваҳдат ва ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.   

Ваҳдати миллӣ ба давлати тозаистиқлоли мо эҳёи дубора бахшида, дар мамлакат марҳилаи нави ҳаёти созанда оғоз ва бунёди неругоҳҳои хурду бузург, корхонаҳои саноатӣ, роҳу нақбҳо, сохтмони иншоотҳои мухталифи хоҷагии халқ амалӣ гардид  ва ин раванди созанда идома дорад. Дар ин замина Ҳукумати кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ давра ба давра шароити мусоид фароҳам оварда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифт ва чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофар пазируфта шуд.

Бо шарофати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавзӯи вобаста ба мушкилоти обро ба миён гузошта, дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро комёб гардид.

Ҷаҳон ва ободиву оромии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки Ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷаҳон омӯхта истодаанд. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номус бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзи Ваҳдати миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.

Сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳо арзёбӣ гардида, таҳдиди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва амалиётҳои мусаллаҳонаи террористӣ хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, танҳо муттаҳидиву ҳамдилӣ моро аз тафриқаву низоъ эмин нигоҳ медорад. Рӯйдодҳои пуртазоди ҷаҳон моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузорем, ки амният ва Ваҳдати миллии Тоҷикистонро терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ халалдор созанд.

Аз ин хотир, ҷиҳати таҳкими сулҳу амонӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва якпорчагии сарзамини муқаддас ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият моро мебояд кӯшиш ба харҷ диҳем ва баҳри шукуфоии Ватан софдилона меҳнат намоем. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат фармудаанд: «Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми соҳибмаърифатамон нияту нақшаҳои неки оғоз кардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона амалӣ мегардонем, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро таъмин менамоем”.

Итминони комил дорем, ки сокинони меҳнатдӯсти диёрамон бо рӯҳияи баланди созандагӣ, дасту дили пок ва нияти нек меҳнат намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

Ҷиҳати амалӣ намудани чунин раванди неку созанда ба халқи шарафманди тоҷик сиҳатмандиву саодат, барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдор, сулҳу суботи ҷовидон ва ба ҳар хонадони диёр зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат таманно дорам.

Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Умедаи Акрамзода, корманди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg