БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯКЕ АЗ ШАРТҲОИ МУҲИМ БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ИН ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТРО РИОЯ КАРДАН АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ  бо усули «хона ба хона»  чорабинии ҳизбиро ба роҳ монда, ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро  доир намуда истодаанд.
Масъулин  дар вохӯриву суҳбатҳо оид ба чигуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи геигенаи оилавӣ, худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии коронавирус тавсияҳо дода,  таъкид карданд, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштиро  ҳатман риоя кунанд.
Дар ҷойи кор, нақлиёти ҷамъиятӣ, вақти суҳбат ва гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.
Ҳангоми мулоқот ва вохӯрӣ бо даст салом накунед, фосилаи муайянкардаи табибонро риоя намоед, яъне ҳангоми суҳбат аз ҳамдигар якуним - ду метр қарор дошта бошед. Дар ин раванд масъулин  бо сокинон ба кишту кори такрорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани махсулоти ғизоӣ таъкид намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотиро оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg