БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ҲХДТ ДАР РОҲИ ПЕШГИРИИ COVID-19 САҲМ МЕГУЗОРАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Кӯлоб баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ чиҳати иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, корҳои фаҳмондадиҳиро дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ мондаанд.

Ҳадаф аз баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID – 19 буда, аз ҷониби масъулин ба аҳолӣ наздики 500 адад варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас  карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Насим Саидов  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баргузории ин аксия  шаҳрвандонро хотиррасон кард, ки хушбахтона дар Тоҷикистон сирояти коронавирус  коҳиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, ки барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg