БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Хосамои Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон ҷиҳати пешгирии бемории короновирус миёни сокинон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо гурӯҳӣ кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ қайд карда шуд, ки барои дубора пайдо нагардидани бемории коронавирус ва пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки қоидаҳои гигиенаро риоя намуда, ҷонибдори тарзи ҳаёти солим бошанд.
Дар охир ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.