Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи беморӣ суҳбату вохӯриҳо бо усули «хона ба хона» ва дар саҳро бо саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат чунин чорабинӣ дар маҳаллаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Фирӯза доир гардида, масъулин вобаста ба роҳҳои пешгирии коронавирус ҳарф зада, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд, аз тавсияҳои табибон самаранок истифода баранд. Инчунин, дар бораи истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва кишти такрорӣ, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бекор намондани ягон ваҷаб заминҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд. Дар охир ба сокинон маҳлулҳои безараргардонии хлор, ниқобу варақаҳои иттилоотиро дастрас карда шуданд.