БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФА БА ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Ш.ШОҲИН.  Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи вилоятӣ Ҳусейнзода Наврӯз ба раванди корҳои сохтмонии бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз наздик шинос шуданд. Роҳбарияти кумитаи иҷроияи вилоятӣ ба масъулон дастур доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир сохтани он тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ идома дорад. Бинои мазкур аз ҷумлаи иншоотҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мебошад.

Дар ин баробар Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба шароити кору фаъолияти кормандони кумитаи иҷроияи ноҳия ошно гашт. Ба кормандон дастуру супоришҳои муфид дода, софдилонаву содиқона хизмат кардани ҳар корманди ҳизбро хеле муҳим ҳисобид. Аз ҷумла таъкид дошт, ки шароити имрӯза аз ҳар яки мо ҳизбиён масъулиянокии бештарро тақозо мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ туҳфаи ҳизбиёни вилоят – калиди автомашинаи хизматиро раиси ноҳия Зарифзода Почохон ба раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия супорид.

Нақлиёт низ вобаста ба шароити ҷойгиршавии ноҳия интихоб гаштааст. Шамсиддин Шоҳин ноҳияи дурдаст, иқлимаш сард ва дар муқоиса ба дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон аз сатҳи баҳр баландтар ҷойгир аст. Умед аст, ки ҳизбиёни ноҳия дар ҷавоб ба ин гуна дастгирӣ ва қадршиносӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои созанда саҳми босазое хоҳанд гузошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg