БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР МОРО БА КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА ҲАМҚАДАМ МЕСОЗАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ аз корхонаи нави коркарди ҷӯроббофии деҳаи Иқболи Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев дидан намуда, бо коргарони он суҳбат намуданд.

Зимни вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки дар Паёми имсолаашон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунони босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон карданд. Рушди саноат барои таъмин намудани устувори иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатноки он замина мегузорад.

Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба кормандони корхонаи нави коркарди ҷӯроббофӣ муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва ниқобҳои тиббӣ дастрас гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg