ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии “Сайёд”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомид ва дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пул (купрук) -и деҳаи Сайёд, ки ба рафту омади сокинон монеъа эҷод мекарду дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, азнавсозӣ карда шуд.