БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД

АНДЕША. Ҷавонон чун неруи  бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози  миллат аҳамияти хоса медиҳад. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад.

Муносибати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияи онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намояд.

Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омаданд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзудааст, ки бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳо кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда истодааст. Ҷавонони кишвар баҳри рушду нумуи Ватани худ саҳми худро гузошта истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои бузург ба вуқӯъ пайваст.

Зеро таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти минбаъдаи ҷавонон ҳар яки мо ҷавононро водор менамояд, ки баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватани худ саъю талоши бештар намоем. Ҷавонон бояд аз ҳама бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, Тоҷикистони азизи худро бо дили гарм ва шарафу номуси ватандориро ҳифз кунанд, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддас бошем.

Раҷабализода Ҳокималӣ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg