БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ГУЗАШТАГОНИ ХУД АРҶ МЕГУЗОРЕМ

ЁВОН. Дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоии “Чойхона”-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар оромгоҳи деҳаи Навобод бо иштироки намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб, раисони кумитаҳои маҳал, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳашари дастаҷамона доир карда шуд.

Дар рафти ҳашар гирду атрофи қабристон тоза карда шуда, бехи дарахтони дохили оромгоҳ нарм карда шуданд. Инчунин, дар ин рӯз  аз ҷониби сокинони маҳал ва шахсони саховатпеша дар дохили қабристон 20 адад ниҳолҳои сояафкан шинонида шуда, гирду атрофи оромгоҳ бо симтур маҳкам карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg