БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАҲАЛ

БАЛҶУВОН. Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста миёни сокинони деҳаю маҳаллаҳо суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баргузор карда мешавад.

Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Ғулаки Заррини Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев доир гардида, дар суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб   Мирзозода Исуф оид ба нуктаҳои муҳими Паёми имсола  ибрози андеша намуда, қайд кард, ки чи гуна дар Паём Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2021 соли вазнин дар тамоми  давлатҳои ҷаҳон тибқи муқаррароти муовини якуми СММ қайд шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як фардро  зарур аст, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок ва оқилона истифода намояд то душвориҳои ба вуҷуд омадаро ба осонӣ паси сар намоем.        

Сипас, дар навбати худ  сокинон, аз ҷумла  кишоварзони деҳа қайд карданд, ки меҳнат кардан барои мо  шараф аст ва касе, ки меҳнати софдилонаю содиқона мекунад,  ҳеҷгоҳ муҳтоҷ намегардад ва мо пайваста ҷонибдори  сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатем ва барои пешрафту  зиндагии шоистаи хеш меҳнат менамоем.

Дар охир оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он ва дар ин замина иштирок дар озмуни ҳизбии "Беҳтарин сарфакори барқ бош" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg