БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ СОКИНОН ДАР ОБОДИИ ДИЁР ЧАШМРАС АСТ

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён  Шарифзода Маҳмадаюб дар якҷоягӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии “Зиракӣ”  Худоёров Муқим дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов бо ҷалби соҳибкорон ва саховатпешагони маҳал  корҳои ободониву созандагӣ баргузор карда шуданд.

Дар чорабинии ҳизбӣ гирду атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 бо девори бетонӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ маҳкам карда шуд. Ин иқдоми неку шоиста бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” доир гардида, аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg