БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДЕҲАРО САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таги намак”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Аксияи ҳизбии “Кабудизоркунии маҳал” гузаронида шуд.

Дар аксияи ҳизбӣ зиёда аз 75 нафар сокинони маҳал иштирок карда, 100 бех дарахтони ороишии арчаро  шинониданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Алиев Сайдаҳмад тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии сокинони деҳа боз 60 дона дарахтони ороишии арчаро дар даромадгоҳи деҳа шинонад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки Паёми Президенти кишвар ба мақоми олии қонунбарори мамлакат дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ- сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Дар соли 2020 мо ҷашнҳои 5500 солагии “Саразми бостонӣ” ва 700- солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg