БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ФАЪОЛОН БО СИПОСНОМАИ ҲИЗБӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

НОРАК. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Норак  маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузор гардид.

Дар маҷлис узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, раиси собиқадорони ҲХДТ Қурбонова Руқия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, инчунин аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак иштирок доштанд. Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Қумриниссо Гулмуродзода  кушода  иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 раиси Кумитаи иҷрорияи ҲХДТ дар шаҳр Қумриниссо Гулмуродзода гузориш дод.

Зимни баромади худ Қумриниссо Гулмуродзода қайд намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлисҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон сухан менамоем. Инчунин, дар муҳокимаи масъалаҳо роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар шаҳр Файзалова Гулрухсор  баромад намуда, иброз дошт, ки Гурӯҳи вакилии ҲХДТ  дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак кори худро дар асоси низому қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Дар маҷлис нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2021, тасдиқи нақша- чорабиниҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ гардиданд. Дар ҷамъбасти маҷлис аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  ба як қатор фаъолон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Сипосномаи Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg