БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ФАРХОР. Дар доираи нақша- чорабиниҳо масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва қувваи барқ бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳаллаҳои  ноҳия гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон шарҳ дода шуда,  ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ оид ба  пешгирӣ аз паҳншавии бемории  (COVID -19) тақсим карда шуд ва аз ҳар як фарди ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд. Ҳамзамон, оид ба сарфакарона ва мақсаднок истифодабарии қувваи барқ низ масъулин бо аҳоли суҳбат намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg