БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - БАРНОМАИ ҲУШДОРИИ ҶОМЕА БАРОИ БУНЁДИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии  Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд  доир гардид.

Дар рафти суҳбат масъулин атрофи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар,  дастоварду пешравиҳои замони соҳибистиқлолӣ  дар самти илму маориф, озмунҳои  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки  Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи ҳушдории ҷомеа барои  бунёди ояндаи босаодат буда, кормандони  соҳаи маорифро лозим аст, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи баланди  илмомӯзиву донишадӯзӣ тарбия намоянд ва дар татбиқи дастуру супоришҳои  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузоранд.  Инчунин, дар идомаи  мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба сарфаҷӯёна истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин  бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg