БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ - ПАДИДАИ ХАТАРНОК

ВОКУНИШ. Террорист дар асли  худ миллат, мазҳаб  ва Ватан надорад. Ифротгароӣ ва терроризм  яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, ки дар ибтидои асри ХХ1 хусусияти ҷоҳониро насб карда, натанҳо барои кишварҳои алоҳида  ё минтақаҳои муайян, балки хатари умуминсониро дар сайёра ба бор овардаанд. Имрӯзҳо аксари мардуми ноогоҳ ва дур аз илму дониш амалҳои ифротӣ  ва  террористиро танҳо ба мусулмонҳо нисбат медиҳад ва ифротгароёнро мусулмон медонанду гумон мекунанд, ки ифрот додаи Ислом  аст.

Аслан мо наметавонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро  терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешванд. Дастуроти воқеии на дини Яҳудӣ, на Масеҳӣ ва на дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифротӣ тафрит даъват накарда буд ва немекунад. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхуссус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад. Бешак, дини  мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он, ки ифротӣ, сӯйистифода аз дин бошад ё ғайридинӣ маҳкум менамояд. Ин  дин пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд. Бояд хуб дарк кунем, ки  терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад. Балки бо таъминоти дини мубини Ислом ва рисолати он, ки ба раҳму шафқат нигаронида шудааст, мухолифат дорад.

Терроризм - сиёсати асосонок шудаст, ки ҳадафи асосии он истифодаи мунтазами террор аст. Одамони шомили гурӯҳҳои  террористӣ аз табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ буда, аксарият худро мансуби ин ё он равияи динӣ ва ҷамъиятӣ хонда, дар симои он манфиатҳои шахсии хешро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Афроди ба доми фаъолони ин гурӯҳҳо афтода ҷавонони сину соли аз 18 боло буда, фориғ аз таҳсил ва касбу  кори доимӣ мебошанд. Ё ин ки надоштани маълумоти кофӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи даъваткунанда, паст будани маълумоти динӣ, аз ҷиҳати руҳиву равонӣ заиф будан, зудбоварӣ ва монанди ин омилҳо таъсири худро мерасонад. Талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди амалиётҳои террористӣ ва гурӯҳҳои террористӣ ин ба вуҷуд овардани ҳуқуқу озодӣ барои афроди зери  фишор қарордошта ва муҳайё  кардани шароити зиндагии беҳтару хубтар аст. Мақсади ташкил кардани қувваи зиддитеррористӣ ҳимояи шахсиятҳо, ҷамъият ва даъват аз хатар ва зуҳуроти террористист.

Масъалаи ҳарчи зудтар ва саривақт пешгирӣ ва бартараф кардани ин падидаи номатлуби замонро гирем.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg