БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ ПАЁМ ДАСТУРАМАЛИ МУКАММАЛ БАРОИ КОРБАРИИ АҲЛИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Содиқов” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Саймуминзода Фирӯз, узви Кумитаи иҷроия, вакили Маҷлиси вакилони халқи шари Кӯлоб  Ҳотам Раҷаби Асозода, ҷонишини  ректори ДДК оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Содиқов” Абдуллозода Рустам иштирок ва баромад намуданд.

Фирӯзи Саидмӯъмин зимни маҷлис қайд кард, ки дар Паёми Пешвои миллат ҳар як сухане, ки иброз мегардад,  як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад. Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукаммал мебошад, ки Пешвои миллат мо ҷавононро  ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд. Ҳамеша ин маҳорату малакаро барои ободии Ватан равона созанд.

Ҳотам Раҷаби Асозода дар рафти суҳбат изҳор доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоеро мемонад, ки мо фаъолияти минбаъдаи хешро боз ҳам такмил диҳем ва баҳри сарсабзии Ватан ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат саҳмгузорӣ намоем.

Дар навбати худ Рафиев Сафар изҳор доштанд, ки Паём Пешвои миллат роҳнамоест барои аҳли ҷомеа, хусусан, барои мо омӯзгорон, ки шогирдони худро дар роҳи  дуруст ва донишандӯзӣ ҳидоят намуда, то оянда дар ҷамъият мавқеи хешро дар ҷомеа касб намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg