КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзии минтақа” вобаста ба ҳодисаи таррерористии дар ноҳияи Данғара рухдода ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи
ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шоҳнома» дар деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар занону бонувон вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Дар Панҷшанбебозори ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо соҳибкорону савдогарон ва мизоҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Чорсада 1-и ҷамоати деҳоти Лолазор намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Бо мақсади дастгирии маъюбон, бо мақсади бештар гардидани бовариашон ба тавонмандии худ ва раҳнамун сохтани онҳо баҳри рушди минбаъда бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Султонова Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила дар ташкилоти ибтидоии “Хона-интернати маъюбон”-и ноҳия бо табибони соҳаи мазкур хониши сиёсӣ доир гардид.
ВАХШ. Гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар ноҳияи Вахш бо роҳбарии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафарали Камолов дар деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикобод пиромуни ҳодисаи рухдодаи нангине, ки аз тарафи аъзои ТЭТ ҲНИ дар шоҳроҳи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ рух дод, бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «АДСИН-нафақа» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон оид ба муҳокимаи ҳодисаи даҳшатборе, ки дар ноҳияи Данғара рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод, вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия барои нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи обу канализатсия” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12