БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иди касбии табибон таҷлил гардида, фаъолон қадрдонӣ карда шуданд

 ДӮСТӢ. Дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Беморхонаи марказӣ» Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ва ба ин муносибат чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Шарифзода Зебунисо, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Беморхонаи марказӣ» Қурбонов  Ниёзмуҳаммад ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуда, табибон ва дар симои онҳо  кулли  кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуданд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ба чанд нафар табибони собиқадор, ки дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми муносиб доранд, бо  Ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, ба аъзои  нав  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ» Қурбонов Ниёзмуҳаммад баҳри қадрдонии фаъолон изҳори миннатдорӣ баён намуда, зикр кард, ки мо табибон ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои  созандаи ҳизб буда, барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои ба зиммадоштаи худ содиқона ва софдилона ба мардум хизмати тиббӣ мерасонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg