БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳидояти мардум ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ

ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Қизилкучи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии  ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён чорабинии сиёсӣ- фарҳангии ҳизбӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ ноҳияи Қубодиён Абдураҳимова Фарзона оид ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ичунин оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ,  дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан намуда, даъват бар он кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлат ҳар яки фарди ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Дар ин чорабинии мазкур ҳунарҳои мадумии деҳаи Қизилкучи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии  ноҳияи Қубодиён, аз қабили қуроқдӯзӣ,кашидадӯзи сӯзанидӯзӣ, гилему намадбофӣ ва маҳсулоти кишоварзии консервакунонидашуда  ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg