ХОВАЛИНГ. Чун анъана кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҳолу аҳволи беморон, барҷомондагон ва одамони муҳтоҷи ёри хабар гирифта,ба онҳо ёрии моддӣ ва молӣ мерасонанд.Чунин амали хайрхоҳона дар арафаи идҳои миллӣ ва динӣ сурат мегирад.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия Сафар Халилзода ба айёдати чанд нафар аз шахсони эҳтиёҷманд Шаҳлои Шодӣ, маъюби модарзод, беморони бистарӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, узви Иттиффоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири халқӣ Қурбоналӣ Раҷаб ва момаи Фазиламо Аҳёнова рафта, дар баробари аёдат ва дилбардорӣ, ба онҳо ба миқдори муайян ёрии молиявӣ расониданд.
Номбурдагон аз ин кӯмаки хайрхоҳона изҳори миннатдорӣ баён намуда, иқдоми неки ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистанд.