БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зоҳирпарастиву зиёдаравӣ зарар ба буҷаи оила аст!

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров дар назди ҳозирин баромад намуда, зимни баромади хеш оид ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки мо дар арафаи идҳои милливу диннӣ, ҷиҳати роҳ надодан ба хароҷоти зиёдатию исрофкорӣ зарур мешуморем, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро риоя намоему он сарфу хароҷоте, ки дар маъракаю ҷашнҳо масраф мекунем, хуб мешуд дар таъмини  шароити хуби фарзандан барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ сарф намоем. Сипас, ёдовар шуд, ки мақсади қонуни танзим аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ нест, балки мақсади асосии он дар баробари муайян кардану ба танзим даровардани меъёрҳои баргузории чорабиниҳо  ва ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таасубу хуруфотпарастӣ оғози нек бахшидан аст. Дар муддати 10-соли амалишавии қонуни мазкур собит гашт, ки ин оғози нек зиндагии сокинони кишварро ба маротиб беҳтар намуда, ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат овард ва ба ғанӣ гардидани буҷаи оилаи мо мусоидат намуд. Мо аъзову ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, ки минбаъд низ қонуни мазкур пурра риоя намуда, ба сарфакорию саришакорӣ рӯ биорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg