БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҷлили рӯзи табибон дар ташкилоти ибтидоӣ

КӮЛОБ. Дар Тоҷикистон рӯзи 18 август зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ, Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Бахшида ба ин санаи муҳим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи вилоятӣ” мулоқот доир карда шуд.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи вилоятӣ” Атоев Давлат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Фирӯзи Саидмӯъмин зимни баромад ҳамаи табибони беморхонаи музкурро ва дар симои онҳо тамоми табибони тоҷикро бо иди касбиашон табрик намуда, дар бораи нақши табибон дар ҷомеа сухан гуфт. Дар идомаи суҳбат мавсуф гуфт, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба шумор рафта, сарвати бебаҳои миллат, омили рушди устувори ҷомеа буда, ҳолати солимӣ ва некӯаҳволии халқ, инъикоскунандаи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фардои дурахшони ҳар як миллату давлат мебошад.

Аз ҷониби Атоев Давлат зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи тиб таваҷҷуҳи зиёд дошта, дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар садҳо муассисаҳои тиббӣ бо тарзи муосир сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин миён мо табибонро зарур аст, ки барои солимии ҷомеа, ки асоси рушдёбии давлатро ташкил медиҳад, тамоми донишу малакаи худро равона намоем.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор аъзои фаъоли ҲХДТ барои хизматҳои шоён дар соҳаи тиб ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва мукофтҳои арзишноку молиявӣ  беморхона қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg