БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант чорабинии намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, кормандони масъули Кумита, аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ, шахсони обрӯманд, ҳунармандон, сокинони деҳаи мазкур  иштироки фаъолона  доштанд.

Яке аз ҳунарманди деҳа Тошева Раъно, ки солиёни дароз ба навхонадорон сару либоси арусӣ аз қабили чодар, сарандоз, курпаю курпача, таксарӣ ва дасторхони қуроқӣ духта, зиндагии хешро пеш бурда, ҳамзамон шогирдони зиёдеро вобаста ба ҳунарҳои мардумӣ яъне қуроқдӯзӣ омӯзонида истодааст.

Дар рафти чорабини иштирокчиён ҳунарҳои мардумии худро ба марази тамошо гузошта, аз баргузории чунин як вохури-чорабинӣ изҳори миннатдорӣ ва арзи сипос карданд. Дар охир иштирокчиён бо рақсу сурудҳои дилнишинашон таъби ҳозиринро болида намуданд.       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg